[go: up one dir, main page]
More Web Proxy on the site http://driver.im/Jump to content

Ревоҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ревоҷ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Rheum L. (1753)
Номенклатурный тип

Ревоҷ, ревос, чукрӣ (лот. Rhéum) — ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи торониҳо. Дар тадовил гунае рустании кӯҳиро гӯянд, ки пояаш ҳамчун сабзавоти хӯрданибоб дар байни мардуми тоҷик маъмул аст.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост, то 2 метр қад мекашад. Баргаш калон, думчадароз, одатан яклухт ё 5-7 пара (R. palmatum var. tanguticum), дар бехи поя месабзад. Хӯшагулаш туғшакл ё хӯшамонанд, гулаш дуҷинса, мевааш чормағзаки сеқирраи қанотакдор. Дар дунё қариб 30 (аз рӯи маълумоти дигар 40—49) гунаи ревоҷ маълум аст. Бештар дар минтақаи муътадили Осиё мерӯяд. Дар ҳудуди Помиру Олой 10 намуди ревоҷ[2] (R. lucidum, R. macrocarpum, R. maximowiczii, R. hissaricum, R. fedtschenkoi, R. reticulatum, R. rhizostachyum, R. rupestre, R. turkestanicum, R. wittrockii) дар нишебиҳои регу санглох, алафу пахтазор, пиставу бодомзор, теплаҳои зардхок, маҳалҳои сершах ва ғайра (аз 300 то 3900 метр аз сатҳи баҳр) месабзад. Се намуди ревоҷ (R. lucidum, R. hissaricum, R. fedtschenkoi) хоси Помиру Олой мебошад. Ревоҷ вобаста ба гуна ва муҳити рушд март—август гул карда, тухмаш апрел—сентябр мепазад.

Ревоҷ

Ревоҷро дар Миср ва Юнони Бостон чун сабзавот истеъмол мекарданд ва аз хусусиятҳои доруии он хабар доштанд. Дисқуридус (Диоскорид) давоии бехи ревоҷро таъриф кардааст. Дар тибби халқии тибетӣ ревоҷ (R. undulatum) давои иллати меъдаву рӯда ҳисоб мешуд. Абурайҳони Берунӣ доруии ревоҷи «чинӣ» (R. officinale)-ро зикр кардааст. Абуалии Сино ревоҷро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, хала, исҳол, зусанториё (исҳоли хунин), иллати гурдаву пешобдон ва ғайра ба кор мебурд. Аз ревоҷ марҳаме тайёр карда ба омос, қубо (лишай), доғи кунҷидак ва ба ҷои латхӯрда мебаст. Буалӣ ревоҷро позаҳри неши ҳашарот меҳисобид. Юсуф ибни Муҳаммад дар «Тибби Юсуфӣ» тухми ревоҷро давои хоришаку исҳол хондааст

Тухми ревоҷро кунӣ чун майл,
Ранҷи исҳолро бувад дармон,
В-ар бимолӣ ба равғани кунҷид
Ҷарабу ҳиккаро муҷарраб дон.

Назар ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн (асри 18) ревоҷ хусусияти қабзияту фараҳовар дошта, кори узвҳои ҳозимаро осон мекунад. Хафақон, васвос ва бавосирро рафъ месозад. Истеъмоли ревоҷ баромади думмалро пешгирӣ меванояд. Решапояи ревоҷ (R. officinale) чун дору дар доруномаи 20 мамлакати дунё қайд шудааст.Дар тибби муосир хока (0,1—0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи ревоҷро чун омили мусҳил (исҳоловар), муқаввии кори рӯда ва тизрон (боди шикам) истифода мебаранд. Баъзе намудҳои ревоҷ (R. undulatum, R. compactum, R. rhaponticum)-ро чун сабзавот ва растании даббоғӣ мекоранд. Думчаи тару тозаи барги ревоҷи худрӯй ва ҳам киштаро истеъмол менамоянд. Аз он компот, мураббо, май ва кисел тайёр мекунанд. Думчаи барги ревоҷи худтамини С, 10— юғӣ, то 2,5 % қанд, қариб 3,5 % кислотаҳои органикӣ (асосан ҷавҳари лимую себ, оксалат ва ғайра) ва намакҳои К, Са, Р. Mg дорад. Решаи ревоҷро барои ош додани пӯст ва ранг кардани матоъ истифода мебаранд. Аввали баҳор барги ревоҷро чорво (шутур, бузу гӯсфанд) мехӯрад; баргаш 244—600, 5 мг% витамини С, 20—21,5 % протеин, 3 % равған, 50,5 % моддаҳои қиёмии бенитрогев ва 3 —7 % моддаҳои даббоғӣ дорад.

  1. NCU-3e. Names in current use for extant plant genera. Electronic version 1.0. Entry for Rheum L. Нусхаи бойгонишуда аз 7 май 2009 дар Wayback Machine(англ.) v
  2. Мувофиқи «Флораи РСС Тоҷикистон» (ҷилди 3, Ленинград, 1968; русӣ)
  • Ревоҷ / М. Ҳоҷиматов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
  • Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, Москва, 1072;
  • Абурайхан Беруни, Избранное сочинение, том 4, Фармакогнозия в медицине (Китаб ас-сайдана фи-т-тибб), Ташкент, 1974;