[go: up one dir, main page]
More Web Proxy on the site http://driver.im/Jump to content

Камхунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Камхунӣ (анемия) – синдроми клинико-гематологӣ мебошад, ки бо камшавии консентратсияи гемоглобин дар хун ва камшавии миқдори эритроситҳо муайян мешавад.

Ба аломатҳои асосии камхунӣ доҳил мешавнд: беҳолӣ, сустшавии ҳолатноки, баландшавии бемадорӣ, нороҳати, хоболудшавӣ бе сабаб; дарди сар, садо дар гӯшҳо, сарчархзанӣ, кӯтоҳшавии нафаскашӣ бо таҷрибаи ками ҷисмонӣ ё дар ҳолати оромӣ, вайроншавии трофикаи мӯйҳо, пӯст, ноҳунҳо, дард дар мавқеи дил, бо монанди стенокардия, аз хушравӣ, сустӣ дар мушакҳо.

Индекси ранга (Цветной показатель (ЦП)) дараҷаи сершавии эритроситҳоро бо гемоглобин нишон медиҳад. Дар эътидол он ба 0,86-1.1 баробар аст. Вобаста ба ин камхуниҳои зеринро фарқ мекунанд:

Hypochromic – (Анемияи гипохромӣ) ЦП <0.86 (аз рӯи баъзе манбаъҳои поёнтар аз 0,8):

• Камхунии норасоии оҳан (железодефицитная)

• Талассемия

Normochrome – (Нормохромные анемии) ЦП= 0.86-1.1:

• Камхунии гемолитикӣ (гемолитическая)

• Камхунии постгеморагӣ (постгеморрагическая)

• Камхунии неопластикӣ (неопластическая)

• Камхунии апластикӣ (апластическая)

• Камхуни аз сабаби камшавии истеҳсоли эритропоэтин

Hyperchromic – (Гиперхромные анемии) ЦП> 1.1:

• Камхунӣ норасоии витамини B12

• Камхунии норасоии фоликӣ

• Синдроми миелодиспластикӣ

Тактикаи муолиҷавӣ вобаста ба навъи камхунӣ ва сабабҳое, ки боиси он гардидааст, муайян карда мешавад.

  • Норасоии витамини В12 - сабаби камхунӣ.

Хун моеи ҳаётан муҳимест, ки дар худ ҳуҷайраҳои гуногунро ҷамъ овардааст. Яке аз ин ҳуҷайраҳо «Алювар» буда, ҳуҷайраҳои хуни сурх мебошад. Вазифаи Алювар аз он иборат аст, ки оксигенро ба тамоми вуҷуд тақсим мекунад. Дар сурати кам гардидани миқдори ҳуҷайраҳои оксигенрасон ва ё заиф шудани қобилияти оксигенрасонии онҳо, ба анемия, ё худ камхунӣ оварда мерасонад. Ҳуҷайраҳои Алювар 100 рӯз умр мебинанд. Аз ин рӯ, вуҷуди инсонро лозим аст, ки беист ҳуҷайраҳои нави хунро ҳосил карда, ба ин тартиб ҷои ҳуҷайраҳои мурдаро пур кунад. Яке аз сабабҳои асосии камхунии калонсолон кам шудани ҳосили хун дар илики устухонҳо мебошад. Ба нишонаҳои камхунӣ беҳолӣ, зуд монда шудан, зуд-зуд эҳсоси хунукхӯрӣ, чархзании сар, надоштани иштиҳо, рехтани мӯйи сар, парешонҳотирӣ ва монанди инҳо дохил мешаванд. Камхунӣ дар занҳои ҳомила сабабгори барвақт таваллуд кардан, камвазн таваллуд шудани кӯдак ва фавти кӯдак мегардад. Кӯдаконе, ки камхунанд, дар онҳо нишонаҳои қафо мондан дар афзоиш, зуд-зуд бемор шудан, парешонҳотирӣ, қафомонӣ дар омӯзиш ва фаҳмишро мушоҳида кардан мумкин аст. Камхунӣ дар калонсолон ба беҳолӣ, мондашавии бардавом, зуд-зуд бемор шудан ва фаъолияти сусти корӣ оварда мерасонад. Камхуниро бо як роҳи сода ташхис кардан мумкин аст. Барои маълум кардани ин беморӣ лозим меояд, ки хунро санҷид. Сипас, натиҷаи ташхисро омӯхта омилҳоеро, ки боис ба камхунӣ шудаанд, бартараф бояд кард. Алюварҳо барои аз илики устухон ҳосил кардани витамини В12 заруранд. Чунки агар витамини В12 ба қадри лозима набошад, ба камхунӣ бурда мерасонад. Барои ҷаббидани витамини В12 аз ғизоҳо бояд узвҳое чун меъда, ғадуди зери меъда ва рӯдаи борик ҳамеша дар ҳолати хуби корӣ бошанд. Агар яке аз инҳо вазифаашонро иҷро накунанд, ба норасоии витамини В12 оварда мерасонад. Ин норасоӣ дар навбати худ ба мушкилоти ҷиддии зеҳнӣ боис мегардад ва камхунӣ оғоз меёбад. Хобравии дасту пой, фаромӯшхотирӣ, бо суръати баланд кор кардани дил, зард шудани пӯст, варам кардани забон ва мондашавӣ низ аз нишонаҳои бемории камхунӣ ба шумор меравад. Барои таъмини организм бо витамини В12 ғизоҳои зеринро бояд истеъмол кард: ҷигар, гурда, тухм, шир, панир ва моҳӣ. Зеро, ки дар дохили инҳо витамини В12 бештар мавҷуд аст. Ба қадри кифоя истеъмол накардани ғизоҳое, ки дар таркибашон витамини В12 доранд, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва истифодаи давомноки баъзе дорувориҳо ба норасоии витамини В12 сабаб мешавад. Вегетериянҳо (онҳое, ки гӯшт истеъмол намекунанд) ба норасоии витамини В12 бештар дучор мешаванд.[1]

Камхунӣ
DiseasesDB 663
MedlinePlus 000560
eMedicine / 
MeSH D000740