[go: up one dir, main page]
More Web Proxy on the site http://driver.im/Jump to content

Вилла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ви́лла (лот. villa) — хонаи шахсӣ ё қитъаи замини боғ, ки дар ҷойҳои хушманзари шаҳр ё мавзеъҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ қарор дорад.

Нахустин виллаҳо дар Руми Қадим биноҳои иқоматӣ ва ҳавлиҳои беруназшаҳрӣ барои истироҳату фароғат буданд. Дертар вилла ба бинои истиқоматию фароғатӣ, хонаи боҳашамати шаҳрӣ табдил ёфт, ки дохили он бо кошикорӣ, нақшунигор ва муҷассамаҳо оро дода шуда, атрофашро боғу фаввораҳо иҳота мекарданд. Дар охири мавҷудияти империяи Рум аксари сенаторҳо дар деҳот замин харида, хонаҳои бузург месохтанд, ки онҳоро вилла меномиданд. Атрофи виллаҳо бо деворҳои баланд иҳота карда мешуданд ва онҳо шакли қалъаҳои феодалиро мегирифтанд. Дар замони Каролингҳо қароргоҳи шоҳро виллаи шоҳӣ меномиданд. Соҳибони вилла барои дастаҳои ҳарбии худ иморатҳои низомӣ ва ҳабсхона месохтанд. Тадриҷан виллаҳо ба қалъаҳои феодалӣ, соҳибонашон ба заминдорони калон ва ҳокимони музофотҳо табдил меёфтанд. Аз асри 19 виллаҳо ба хонаҳои шахсӣ табдил ёфтанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон баъзе биноҳои сохташуда аз лиҳози меъморӣ ба виллаҳо шабоҳат доранд.