[go: up one dir, main page]
More Web Proxy on the site http://driver.im/Jump to content

Бентос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намояндаи типии макрозообентос

Бентос (от юн. βένθος — умқ) — маҷмӯи организмҳое, ки дар рӯй ё даруни лойқаи қаъри баҳрҳо ва ҳавзаҳои оби материкҳо зиндагӣ мекунанд.

Бентос ҳайвонӣ (зообентос) ва наботӣ (фитобентос) мешавад. Аз рӯйи тарзи зиндагӣ Бентосҳо аз ҳамдигар фарқ доранд; баъзе Бентосҳо дар рӯй ё даруни лойқаи қаъри обанбор зинда­гӣ мекунанд; Бентосҳои дигар ҳа­ракатнок мебошанд. Тар­зи ғи­зо­гирии Бентос низ гуногун аст. Баъзеи онҳо даранда буда, баъзеи диг. аз рус­тани­ҳо ғизо мегиранд. Бентос калон (макробентос), миёна (мезобентос) ва майда (микробентос) мешавад. Ба зообентос асосан фораминиферҳо, ис­фанҷ­ҳо, рӯдаковокҳо, немер­тин­­ҳо, китф­­пойҳо, нармба­дан­ҳо, харчангшаклҳо, сӯзан­пӯстҳо, асси­ди­я­ҳо, моҳиҳо ва ғ. мансубанд. Қисми зиё­ди зообен­тосҳо дар тунукобҳо ҳаёт мегузаронанд. Фито­бентосҳо аз бактерияю обсабзҳо (об­сабз­ҳои диа­томӣ, сабз, ҷигарранг, сурх), баъзе рустаниҳои гулдор (зостера, филлоспадикс, руппия ва ғайра) иборатанд. Қаъри серсанги баҳр­ҳо аз фитобентос ғанӣ аст. Дар ҳав­заҳои оби ширин миқ­дори зообентос нисбат ба баҳрҳо кам мебошад (содата­ринҳо, исфанҷ­ҳо, зулукҳо, нармбаданҳо, кирмаки ҳаша­рот ва ғайра).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]