[go: up one dir, main page]
More Web Proxy on the site http://driver.im/Jump to content

Размсоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Размсоз
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌ساز
Кишвар  Тоҷикистон
Бунёдшуда 1649
Дараҷаи болотар Таҳмовар
Дараҷаи пойинтар Размпардоз
Ҳамто

Размсоз (форсӣ: رزم‌ساز‎) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размпардоз ва пойинтар аз таҳмовар дорад ва баробар бо новдор якум дар нерӯи дарёӣ аст; прапоршики калон[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размпардоз

Размсоз
Дараҷаи болотар:
Таҳмовар

Размсозон дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷойгоҳе болотар аз размоварон ва пойинтар аз таҳмдорон доранд ва ёварони афсарон ҳастанд, ба ин далел «афсарёр»[2] номида мешаванд.

Размсозон маъмулан мақоми меҳтари вашт ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд. Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размсозон кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[3].

«Размсоз» аз ду бахш сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «сохтан» (соз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[4]) + соз (порсии миёна: sāč : sāxtanсохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak-омода будан, тавонистан[5]).

«Размсоз» ба маънои «он ки нақшаву тарҳи ҷанг ё амалиёти размиро ба хубӣ бидонад ва нерӯро омодаи разм ё корзор кунад»[2] таркибе аз «разм сохтан» ба маънии «омодаи ҷанг шудан; асбоби разм сохтан; фароҳам овардани абзори ҷанг; ба ҷанг пардохтан; ҷанг кардан, разм кардан, ҷангидан» аст. Ин вожа ба маънии «ҷанговар, сипоҳӣ, созандаи ҷанг, омодакунандаи набард» дар осори куҳани адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст[6]. Чунончи, Фирдавсӣ ин вожаро борҳо ба кор бурдааст:

Биёмад ба наздики ман размсоз,
Чу пили дамон бо каманди дароз[7].

Биёбон гирифтанду роҳи дароз,
Ҳама шуд чунон лашкари размсоз[8].

«Размсоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи «прапоршики калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда аст[9].

Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «дирафш» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия «прапорщик» (аз русӣ: пра́поръ), Лаҳистон «хорунжий» (лаҳӣ: chorąży аз chorągiew), кишварҳои Югословии пешин «заставник» (аз сербӣ: застава), Бритониё «ensign», Фаронса «enseigne» (англ. ensign, фр. enseigneлот. insignia) ва Олмон «Fähnrich» (аз олмонӣ: Fähn) номида мешавад, ки маънояшон «парчамдор» (форсӣ: پرچمدار‎) аст[10]. Дар артишҳои қадим парчамдор сарбозе буд, ки пешопеши ягони низомӣ парчами онро мебурд. «Прапорщик» дақиқан ҳамин «парчамдор» аст, ки онро «дирафшдор» ҳам мегӯянд[11].

Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ парчаме дошт[12], ки ба порсии бостон: «drafša-» (аз эронии бостон: «*drafša-» > порсии миёна: «drafš»[5]) номида мешуд[13]. Дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳангро дирафш ва фармондеҳонашонро дирафшсолор меномиданд[14], ки дараҷае сардорӣ ва баробар бо сарҳанг буд.

Артиши Шуравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 1917 — 1946 дар Артиши Сурх ва сипас то соли 1972 дар Артиши Шуравӣ дараҷаи прапорщик ё баробар бо он вуҷуд надошт. Ин дараҷа дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ аз 1 январи соли 1972 бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 18 ноябри соли 1971, ҳамзамон бо сардӯшии нави дараҷаи мичман, ҷорӣ карда шуд[15].

Бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 24 декабри соли 1980 N 3606-X дар Артиши Шуравӣ, ягонҳои соҳилӣ ва ҳавопаймоии Нерӯи дарёӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва дохилии Нерӯҳои мусаллаҳи ИҶШС дараҷаи низомии прапоршики калон ва ҳамзамон дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаи мичмани калон ҷорӣ карда шуданд.

Ин дараҷаҳоро барои низомиёне дар назар гирифта буданд, ки хидмати вазифаи низомиро анҷом додаву дараҷаи размоварӣ ё сержантиро дарёфт карда буданд ва довталабона хидматашонро дар нерӯҳои мусаллаҳ идома медоданд. Онҳо таҳсилоти тахассусии низомӣ надоштанд то дараҷаи афсарӣ дарёфт кунанд, аммо рутбаашон болотар аз сержантҳо буду бар старшинаву сержанту сарбозҳо бартарӣ доштанд. Бино бар ин, онҳоро афсарёр, яъне ёвари афсарҳо, меномиданд. Прапоршикҳо дар Артиши Шуравӣ бештар вазифаҳои фанниву омод (снабжение) ва анбордориро анҷом медоданд ва симат ё мақоми фармондеҳӣ надоштанд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳануз ҳамин мақомро доранд.

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. 2.0 2.1 Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ. — с. 52
  3. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. — ҷ. 1, с.91. ISBN: 978-964-8637-92-2
  4. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2020. — Т. 6 (p—r̥). — С. 436. — 463 с. — 500 экз. — ISBN 5-02-018124-2; ISBN 978-5-02-039863-4 (в пер.).
  5. 5.0 5.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 116
  7. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 1. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 315
  8. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 4. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 253
  9. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  10. Фарҳанги муъосири форсӣ (якҷилдӣ). Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муъосир, 1381. с. 282. ISBN 978-964-5545-68-8.
  11. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 80.
  12. E. Pottier, Douris, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  13. Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
  14. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  15. СВЭ, 1978, С. 498−499.